Ҳузури чеҳраҳои варзишии Эрон дар миёни мардуми Лубнон
Порс -Тудей раиси Федератсияи кӯшти, мурабии тими миллипуши собиқи футсоли Эрон барои ҳамдарди бо мардуми Лубнон, дар минтақаи ҷангзадаи ин кишвар ҳузӯр пайдо карданд.
« Алиризои Дабир » раиси Федератсияи кӯшти, « Ваҳиди Шамсоӣ » сармураббии тими миллии футсол ва « Худододи Азизӣ » миллипӯши собиқи тими миллии футсоли Эрон бо ҳузур дар манотиқи ҷангзадаи Зоҳия ҷанӯби Бейрут, бо хонаводаҳои шуҳадои лубнонӣ ибрози ҳамдардӣ карданд .
Ба гузориши Порс -Тудей , чеҳраҳои шохиси варзишии Эрон ҳамчунин ҷиноёти режими ишғолгар ва мутаҷовизи саҳюнистиро маҳкӯм карданд .
Се пешкисвати варзиши Эрон сипас дар урдӯгоҳи оворагони Лубнон ҳозир шуданд ва бо мардуми ин урдӯгоҳ гуфтугӯ ва бо кӯдакону навҷавонон футбол бозӣ карданд .
Ақшори мухталифи мардуми Эрон аз замони оғози ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Лубнон , кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдии фаровониро барои миллати муқовими Лубнон ирсол кардаанд .
Артиши режими саҳюнистӣ аз 23 сентябри 2024 ҳамалоти густарда ба манотиқи мухталифи Лубнонро оғоз кард ки ин ҳамалот бо посухи қотеъи Ҳизбиуллоҳи Лубнон мувоҷеҳ шуд .
Рӯзи чаҳоршанбе манобеи хабарӣ эълом карданд : Тавофуқи оташбаси миёни режими Исроил ва Лубнон аз бомдоди чаҳоршанбе иҷроӣ шудааст .