Тавофуқи Тоҷикистону Эрон барои роҳандозии парвози Душанбе - Кеш
(last modified Fri, 29 Nov 2024 13:25:11 GMT )
Ноябр 29, 2024 18:25 Asia/Dushanbe
  • Парвоз миёни Душанбе ва Кеш: ба зудӣ
    Парвоз миёни Душанбе ва Кеш: ба зудӣ

Тоҷикистону Эрон дар мавзӯи роҳандозии масири ҳавоии ҷадид миёни шаҳри Душанбе ва ҷазираи Кеш тавофуқ карданд.

Ба гузориши “Спутник”, ба нақл аз Садо ва Симои Кеш, маросими имзои тафоҳумнома дар бораи роҳандозии парвозҳо байни ҷазираи Кеши Эрон ва шаҳри Душанбеи Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Одил Нуралӣ, мудири ширкати ҳавопаймоии “Каспиян” гуфт, ки бар асоси барномарезӣ, ҳафтае ду парвоз аз Душанбе ба Кеш ва баръакс роҳандозӣ хоҳад шуд.

Парвози тарафи Тоҷикистонро ширкати “Сомон Эйр” анҷом хлҳад дод.  

Ӯ гуфт, ки парвозҳо мустақим бо ҳавопаймои Боинг дар ду навъ парвози иқтисодӣ ва вижа барқарор хоҳанд шуд.

Оқои Нуралӣ афзуд, парвоз аз Кеш ба Душанбе ду соату панҷоҳ дақиқа тӯл мекашад.

Муҳамади Кабирӣ, мудири Созмони минтақаи озоди Кеш низ гуфт, ки равнақи гардишгарӣ ва тавваҷуҳ ба иқтисоди ҷазираи Кеш дар авлавияти барномаҳои Созмони минтақаи озоди Кеш аст.

Мудири Созмони минтақаи озоди Кеш афзуд, ки ба дунболи ҷазби гардишгар аз кишварҳои ҳамсоя ва дорои иштирокоти фарҳангӣ ҳастем ва дар талошем битавонем бастаҳои сармоягузориро ба сармоягузорон ироа кунем.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ дар ин маросим гуфт, ки ҷазираи Кеш тамоми имконотро барои тавсеаи гардишгарӣ доро мебошад ва дар наздиктарин замон парвоз аз Кеш ба Душанбе барқарор хоҳад шуд.