Қолибоф: Бандари “Амиробод” пули иқтисодии Эрон бо Авруосиё мешавад
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, бар лузуми баҳрагирӣ аз зарфияти бандари вижаи иқтисодии "Амиробод"-и Беҳшаҳри устони Мозандарон (шимоли Эрон) дар раванди тавсеаи мубодилоти тиҷории Авруосиё таъкид кард.
Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, Муҳаммадбоқири Қолибоф дар боздид аз бандари вижаи иқтисодии “Аммробод” бо ишора ба интихоби ин бандар ба унвони дарвозаи вуруди Эрон ба Иттиҳоди Авруосиё гуфт, бо баҳрагирӣ аз зарфияти бандари “Амиробод” ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Эрон бо кишварҳои соҳилии Хазар афзоиш меёбад.
Вай бо таъкид бар аҳаммияти муносиботи иқтисодӣ дар рӯйкарди Маҷлиси Шӯрои Исломӣ афзуд, маҷлис аз қобилиятҳои муҳимми иқтисодӣ истифода хоҳад кард.
Қолибоф бо истиқбол аз ҳаҷми сармоягузории анҷом шуда дар бандари вижаи иқтисодии “Амиробод” бар лузӯми афзоиши зарфияти бандарӣ ва маконҳои тахлия ва анборҳои захирасозии коло дар ин воҳиди иқтисодӣ таъкид кард.
Муҳаммадбоқири Қолибоф банодирро галугоҳҳои иқтисодии Эрон донисту афзуд, ҳалли мушкилоти банодир ва марокизи бузурги иқтисодӣ ниёзманди азми миллӣ ва инқилобист.
Дар ин боздид Маҳммадалии Саъидпӯр, мудиромили бандари вижаи иқтисодии “Амиробод” бо ишора ба афзоиши 100 ҳазор гектории маҳдӯдаи ин бандар ва сармоягузорӣ барои сохти маконҳо ва анборҳои захираи коло гузорише аз раванди амалиёти тахлия ва боргирии коло дар ин бандар ироа кард.