Нишасти дуҷонибаи Эрон ва Покистон дар ҳошияи нишасти Шанхай
(last modified Thu, 16 Sep 2021 14:28:41 GMT )
Сентябр 16, 2021 19:28 Asia/Dushanbe
  • Нишасти дуҷонибаи Эрон ва Покистон дар ҳошияи нишасти Шанхай

Нахуствазири Покистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кард.

Бино ба иттилои Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, Имрон Хон дар Душанбе бо Сайид Иброҳими Раисӣ мулоқот кардааст.

Ин нахустин дидори раҳбарони ду кишвари ҳамсоя Эрону Покистон пас аз пирӯзии Сайид Иброҳими Раисӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва оғози ҳукумати 13 -ум аст.

Дафтари нахуствазири Покистон дар бораи ин нишаст ва ҷузъиёти музокироти раҳбарони Эрону Покистон изҳороти расмӣ нашр хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои расмии Покистон гузориш доданд, ки ҷонибҳо равобити дуҷониба ва таҳаввулоти ахир дар минтақа, аз ҷумла авзоъи Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Нахуствазири Покистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Раисӣ ӯро бо пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон табрик гуфт ва онро зуҳури эътимоди мардуми мо номида, президенти Эронро ба Покистон даъват кард.

Қабл аз сафари нахуствазир ба Тоҷикистон, сухангӯи ҳукумати Покистон гуфта буд, ки раҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Покистон дар ҳошияи нишасти Шанхай мулоқот карда, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ба хусус таҳаввулот дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.