Сентябр 17, 2021 15:15 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай пайваст

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, ки санади узвияти доими Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ба таъйиди сарон расид.

Ба гузориши ИСНА, вазири хориҷаи Эрон дар твитте навишт: Бо камоли хурсандӣ акнун санади узвияти доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе бо ҳузури раиси ҷумҳурии муҳтарами Эрон ба таъйиди сарон расид.

Ин узвияти роҳбурдӣ таъсири муҳиме бар раванди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Эрон дар ростои сиёсати ҳамсоягӣ ва Осиёмеҳвар дорад.

 

Барчасп