Сентябр 17, 2021 19:43 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Алламулҳудо: Сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон истикборситезу Амрикобарандоз аст

Имоми ҷумъаи Машҳад гуфт: Манёври зиддиамрикоӣ бо ҳузур дар иҷлоси Шанхай, тавассути раиси ҷумҳур сурат гирифт. Замоне ин ҳузуру пирӯзӣ сурат гирифт, ки Эрон тавонист Амрикову Аврупоро дар Лубнон ва мақарри Ҳизбуллоҳ шикаст бидиҳад ва чаҳор киштии сӯхти худро ба Лубнон бирасонад.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Алламулҳудо, имоми ҷумъаи Машҳад дар хутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи Машҳад дар боргоҳи муборак ва шарифи имом Ризо (а) баён дошт: Дар рӯзи ҷумъаи ин ҳафта, бар хилофи рӯзҳои ҷумъаи гузашта, раиси ҷумҳурии Эрон иқдом ба расидагӣ ба мутолиботи мардумӣ накардааст, албатта иртиботи руасои қуво ба баракати интихоби дурусти мардум ҳар ҳафта бо шумову қишри мустаманд собит ва муассир аст.

Оятуллоҳ Алламулҳудо дар идомаи суханон афзуд: Ин сафари хориҷӣ як сафари истикборситез ва Амрикобарандоз дар ин арсаву мавқеият буд, ки асари он аз иртиботи мардумӣ бештар будааст.

Имоми ҷумъаи Машҳад дар мавриди даъват аз раиси ҷумҳурӣ ҷиҳати ширкат дар иҷлоси Шанхай гуфт: Ин иҷлос чанде пеш барои муқобила бо ҳузури Амрико дар шарқи дунё як қарордод миёни чанд давлат (Чин, Русия, Узбакистон ва Тоҷикистон) барқарор кард ва бо ҳам дар хусуси бархе масоили байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд, Эрон ҳам чанд соле аст мехоҳад ба ин иҷлос бипайвандад, аммо аз онҷо ки ин қарордод вобастагии моро ба Ғарб қатъ мекунад, аз дохилу хориҷ коршиканӣ сурат мегирифт.

Оятуллоҳ Алламулҳудо бо баёни ин ки хати фикрии ғарбситезии давлати сенздаҳум иқтизо мекард дар Созмони Шанхай сабтиноми расмӣ кунад, идома дод: Бояд ба давлати ғарбгаро собит кунем, ки дунё Амрико ва Аврупо нест .

Намояндаи валии фақеҳ дар Хуросони Разавӣ гуфт: Имрӯз беш аз 40 сол шуда инқилоби мо пирӯз аст ва мо душмани Амрикои ҷаҳонхор дар Шарқ шинохта мешавем ва бо ин ки мо дар матни қарордоди Шанхай вуҷуд надорем, аммо Шарқ ба далели шинохти иқтидори мо ба сурати расмӣ аз Эрон даъват мекунад то дар ин иҷлос ҳузур пайдо кунад.

Вай бо баёни ин ки ба баракати интихоби Шумо мардум ва ҳузури раиси ҷумҳурии Эрон дар иҷлоси Шанхай, ин сафар мусодиф бо ду ҷараён шудааст, идома дод: Аввал ин ки нови ҷангии мо пас аз ҷаҳонпаймоӣ ва размоиш бо кишварҳои мухталиф парчами худро барафрошт ва ба Эрон бозгашт, дунё мутаваҷҷеҳи иқтидори мо шуд ва фаҳмид, ки метавон зери сояи валии фақеҳ чунин иқтидоре эҷод кард ва ин муқаддамаи ҷаҳонӣ шудани инқилоби ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) аст.

Оятуллоҳ Алламалҳудо изофа кард: Дар канори ин иттифоқот, як манёври зиддиамрикоӣ бо ҳузур дар иҷлоси Шанхай тавассути раиси ҷумҳур сурат гирифт, замоне ин ҳузуру пирӯзӣ сурат гирифт, ки Эрон тавонист Амрико ва Аврупоро дар Лубнон ва мақарри Ҳизбуллоҳ шикаст бидиҳад ва чаҳор киштӣ сӯхти худро ба Лубнон бирасонад.

Намояндаи валии фақеҳ дар Хуросони Разавӣ дар идома бо баёни ин ки Амрико фикр мекард бо ҷосусҳои арабистонии худ метавонад бар Лубнон чира бошад, идома дод: Кор ба ҷое расид, ки таҳримҳои Лубнон тавассути Иттиҳоди Аврупо лағв шуд ва заминаи идомаи қудрати аврупоӣ бо фиристодани сӯхт ба Лубнон ва ҳузур дар иҷлоси зиддиамрикоӣ, дигар маҷоле барои пешрафти Ғарб дар минтақа вуҷуд надорад .

Оятуллоҳ Алламулҳудо дар хутбаи ибодии ин ҳафта ҳам изҳор дошт: Мақоми муаззам раҳбарӣ фармуданд, дар хутбаи ибодӣ даъват ба тақво бояд барои мардум табйин ва мушаххас шавад, ки иҷрои тақво дар барномаҳои рӯзмарраи намозгузорон чист ва тақвои амалӣ чӣ гуна аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп