Сентябр 17, 2021 21:01 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай

Аъзои расмӣ ва нозири Созмони Шанхай дар бистумин солгарди таъсиси ин созмон дар пойтахти Тоҷикистон гирдиҳам омаданд.

Бегумон, пазируфта шудани Эрон ба унвони як узви расмӣ ва комил дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва низ таҳаввулоти сиёсиву низомӣ дар Афғонистон аз муҳимтарин масоили ин иҷлос аст.

Дар бистумин солгарди таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай, аъзои расмӣ ва нозири ин созмон дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон гирдиҳам омаданд.

Ҷумҳурии исломии Эрон, ки то кунун ба унвони узви нозир дар ин созмон ҳузур дошт, аз имрӯз (ҷумъаи 26 шаҳривар) ва дар бистуякумин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ба узвияти комили ин созмон даромад.

Оятуллоҳ доктор Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ имрӯз дар ҷараёни суханронӣ дар ин созмон, зимни ташаккур аз аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои узвияти доимии Эрон дар ин созмон гуфт: Умедворам, Созмони Шанхай дар идома, масири боландаи худро, ки муваффақ шуда дар муддати кӯтоҳ ҷойгоҳи минтақаӣ ва байналмилалии мумтозеро касб кунад, идома бахшад.

Аз сӯи дигар, тағйиру таҳаввулоти сиёсиву низомӣ дар Афғонистон, ки ба шакли хуруҷи расмии неруҳои Амрико аз Афғонистон ва қудратгирии Толибон ҳамроҳ буд, яке аз авомилу ангезаҳои аслӣ дар баргузории ин нишаст аст. Барои ҳамин, яке аз дастури корҳои муҳими ин нишаст баррасии масоиле назири оворагони афғонистонӣ, терроризм ва ифротгароӣ аст.

Воқеияти амр ин аст, ки нишонаҳои қавӣ аз эҳтимоли рахнаи ҷараёнҳои террористие назири Алқоидаву ДИИШ дар Афғонистон бо тавваҷуҳ ба ду мавзӯи бесуботӣ ва халои қудрат дар ин кишвар ва аз ҳама муҳимтар иртиботи шабакаи Ҳаққонӣ ба унвони бахши тундрави Толибон бо Алқоида вуҷуд дорад.

Табиӣ аст, ки таҳаққуқи ин амр метавонад заминаҳои бесуботӣ ва густариши терроризми минтақаиро фароҳам созад. Ин таҳдид барои ҳамаи кишварҳо сидқ мекунад ва маҳдуд ба кишвари хосе нест. Покистон, Ҳинд, Русия ва Чину Ҷумҳурии исломии Эрон мутаассир аз буҳрони Афғонистон ҳастанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон барои пешбурди аҳдофи иқтисодӣ ва тиҷориаш ниёз ба густариши муровидоти сиёсӣ дорад. Табиӣ аст, ки бо тавваҷуҳ ба низоми таҳримҳои золимонаи Амрико ва асосан рӯйкарди нигоҳ ба Шарқи ҳоким дар сиёсати хориҷии кишвар, Созмони Ҳамкории Шанхай ба унвони фурсате муносиб ва идеал барои пешбурди барномаҳои густариши муровидоти иқтисодии кишвар дида шавад.

Зарфиятҳои иқтисодии ин созмон, ба хусус бо тавваҷуҳи раҳбарӣ ва қудрати нуфузи Чин дар ин созмон, метавонад бахши муҳиме аз хостаҳои иқтисодии Эронро бароварда созад.

Ниёзҳои энержии кишварҳои узви ин созмон ба хусус Ҳинду Чин бо тавваҷуҳ ба зарфияти манобеи нафтии кишвар, матлубияту ҷаззобияти ин созмонро дар назди сиёсиюни Эрон иртиқо додааст. Масъалаи муҳими дигаре ки боястӣ ба он тавваҷуҳ дошт, минтақагароӣ дар низоми байналмилалӣ аст.

Яке аз зарфиятҳо ва ба забоне дақиқтар фурсати пешорӯ дар иҷлоси Шанхай наздикӣ ва тақоруби дидгоҳу рӯйкард миёни ин кишварҳо, ки ҳамагӣ дар муҳити перомунии Афғонистон ҳам қарор доранд, мебошад. Раҳбарони ин кишварҳо бояд бо ин воқеият канор оянд, ки амният буъди минтақаӣ дорад ва Афғонистони бесубот дар ростои манофеи ҷараёнҳои террористӣ ва хатари фарогир барои кулли кишварҳои минтақа аст. Агар ҳамин мавзӯи дарки хатар дар иҷлоси Душанбе ҳосил шавад, ба назар гоми бузурге дар мудирияти буҳрон дар Афғонистон бардошта хоҳад шуд.

Узвияти ду қудрати ҳаққи Вето дар Шӯрои амнияти Созмони Милал, густардагии ҷуғрофиёи ин созмон, ки дар истилоҳи геополитикии ҷаҳонӣ ба Ҳортланд- замин маъруф аст, доро будани ҳудуди ниме аз ҷамъияти ҷаҳон ва дар ихтиёр доштани як чаҳоруми тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳонӣ бегумон гӯшае аз аҳамияту қудрати таъсиргузории ин созмон дар сатҳи байналмилалӣ аст.

Воқеияти амр ин аст, ки ду қудрати бузурги ин созмон, яъне Русия ва Чин ба ин ҷамъбандии ниҳоӣ расидаанд, ки дар ин минтақа набояд пойи бозигари фароминтақаие мисли Амрико беш аз ҳад боз ва густарда бошад.

Ба иборате дигар, барои ин ду қудрати бузург манёври қудрати низомӣ ва сиёсии Амрико дар ҳавзаи перомунии Созмони Ҳамкории Шанхай қобили пазириш нест.

Барои ҳамин аст, ки ин созмон имрӯз дар талош барои шакл додан ба масоили амниятиву сиёсӣ дар минтақа, назири муқобила бо тероризму ифротгароӣ ва суботи минтақаӣ аст. Ба хусус ин ки бо таҳаввулоти рухдода дар Афғонистон, имкони табдили ин кишвар ба конуни терроризм беш аз ҳар замони дигаре аст. Гузоришҳои мувассақе аз нуфузи ҷараёнҳои террористие назири ДИИШ ва Алқоида дар дохили геополитикаи Афғонистон мунташир шуда ва барои ҳамин яке аз меҳварҳои баҳсу ҷамъбандии ниҳоӣ дар ин давр аз нишаст таъкид бар сулҳу субот дар Афғонистон хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп