Сентябр 18, 2021 09:32 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти “Рӯзи шеър ва адаби форсӣ” дар Боку баргузор шуд

Ба муносибати “Рӯзи шеъру адаби форсӣ” ва бузургдошти мақоми адабии саидмуҳаммад Ҳусайни Шаҳриёр, рӯзи ҷумъа маросиме дар маҳали ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Боку баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ибтидои ин маросим клипе аз шеърхонии зиндаёд устод Шаҳриёр пахш шуд ва сипас Қурбоналӣ Пурмарҷон, ройзани фарҳангии Эрон дар Боку гуфт, Шаҳриёр дар сурудани шеъри форсӣ ва туркӣ ба авҷ расид ва тавонист отифа ва тахайюлро дар забони оҳангини шеър ба мухотаб ироа диҳад ва ин ҳамон коре буд, ки шуарои бузурги Эрон замин мисли Ҳофиз, Саъдӣ ва Мавлоно анҷом дода буданд ва муҳимтарин арзиши ғазалҳои Шаҳриёр дар эҷоди иртиботи отифӣ бо хонандагони ашъораш будааст.

Хонум профессор Асмиро Фуод Шукурова, устоди Академияи улуми миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва шаҳриёршиноси барҷастаи ин кишвар низ гуфт, устод Шаҳриёр ба ҳақ дар ҳавзаи адабиёти форсӣ ва туркӣ ба авҷи қулла расиду мӯҷиби эҳё ва қудрати беш аз беши адабиёти форсӣ ва туркӣ шуд. Ӯ як адиб, ориф ва шеъри барҷаста дар забони форсӣ ва туркӣ буд, ки дар ҳар ду забон бо устодии тамом қалбҳоро дарнавардиду адабиётро бо ҳунар даромехт ва ашъори худро ҳамчун Ҳофиз дар дунёи мондагор сохт.

Вай афзуд, Шаҳриёр на танҳо дар Эрон, балки дар Ҷумҳурии Озарбойҷону ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз шинохта шудааст ва китоби “Ҳайдарбобо”-и ӯ дар беш аз 80 забон тарҷума шудааст ва ин шоири шаҳир дар ҳамаи ҳавзаҳо ҳатто дар мабоҳиси ирфонӣ ва динӣ талош мекард мустақил бошад ва аз хутути динӣ фаротар наравад.

Ойгун Ализода, устоди Донишгоҳи Боку ваа муҳаққиқи Академияи миллии улуми Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин Шаҳриёрро намунаи як шоири мардумӣ ва ахлоқӣ номид, ки тавонист ашъори наву ашъори классикро оштӣ диҳад ва бо ҳар ду сабки шеърӣ канор биёяд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп