Сентябр 18, 2021 09:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори қаҳрамонони олимпӣ ва паралимпӣ бо раҳбари муаззами инқилоб; имрӯз

Қаҳрамонони олимпӣ ва паралимпии 2020 имрӯз (шанбе) бо раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дидор мекунанд.

Ба гузориши дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дар пайи пирӯзиҳои ахири варзишкорони Эрон дар рақобатҳои байналмилалӣ, қаҳрамонони корвони варзишии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозиҳои олимпӣ ва паралимпии 2020 Токио, субҳи имрӯз (шанбе) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дидор хоҳанд кард.

Ин дидор бо риояти завобит ва дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар Ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор хоҳад шуд.

Пеш аз ин ва дар поёни баргузории ин мусобиқот, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар паёмҳои ҷудогона, ановини ба даст омада аз сӯи варзишкорони Эронро, ки боиси шодии дили мардум шуда буд, ба онон табрик гуфта буданд.

Корвони олимпии Эрон дар Олимпиадаи Токио 2020, муваффақ ба касби ҳафт медол (3 тилло, 2 нуқра, 2 бурунз) ва рутбаи бисту ҳафтум шуда буд.

Ҳамчунин қаҳрамонони паралимпии Эрон, ки ба ёди шаҳиди сипаҳбад Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ бо унвони «Корвони сардори дилҳо» дар мусобиқоти Токио ширкат карда буданд, бо касби 24 медол (12 тилло, 11 нуқра, 1 бурунз) ва рутбаи сездаҳум, беҳтарин натиҷаи таърихи варзиши ҷонбозон ва маълулини Эрон дар адвори паралимпиро аз-они худ карданд.

 

Барчасп