Сентябр 19, 2021 11:21 Asia/Dushanbe
  • Интисоби генерал Носирзода ба унвони ҷонишини раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон

Фармондеҳи муъаззами кулли қуво дар ҳукме генерал Азизи Носирзодаро ба унвони ҷонишини раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон мансуб карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Азиз Носирзода ба пешниҳоди раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ таи ҳукме аз сӯи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-фармондеҳи муъаззами кулли қуво ба унвони ҷонишини раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон мансуб шуд .
Маросими муъорифаи генерал Носирзода ( якшанбе ) дар Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст .

 

Барчасп