Афзоиши содироти бензин ва дигар маҳсулоти нафтии Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико
(last modified Sun, 19 Sep 2021 06:51:49 GMT )
Сентябр 19, 2021 11:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти бензин ва дигар маҳсулоти нафтии Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико

Хабаргузории Райтер дар гузорише аз афзоиши содироти бензин ва дигар маҳсулоти нафтии Эрон бо вуҷуди таҳримҳои нафтӣ аз сӯи Амрико хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории Райтер дар гузорише дар бораи содироти бензини Эрон ва таъсири таҳримҳои Амрико бар он навишт : Манобеи огоҳи тиҷорӣ ва бархе мақомоти расмӣ мегӯянд содироти бензин ва  дигар маҳсулоти нафтии Эрон дар солҳои ахир барағми таҳримҳои сахти Амрико афзоиш доштааст ва Эронро дар сурати лағви маҳдудиятҳо аз сӯи Амрико дар мавқеъияти хубе барои густариши фаврии бозори фурушаш дар Осиё ва Аврупо қарор додааст . Дар ин гузориш омадааст : Амрико дар соли 2018 таҳримҳоеро бар санъати нафту гази Эрон ҷорӣ кард, то манбаи аслии даромади Эронро дар паи ихтилофе, ки бо он бар сари фаъолияти ҳастаиаш дошт, қатъ кунад .
Дар идомаи гузориш Райтер афзудааст : Ин иқдомоти Амрико муҷиби фалаҷ шудани содироти нафти хом шуданд, аммо тағйире дар заминаи содироти бензин ва дигар маҳсулоти нафтӣ,ки пайгириашон сахттар аст, эҷод накард.
Райтер эълом кардааст : Бархилофи маводи нафту газ, эронӣ будани нафти хомро метавон аз рӯйи дараҷабандии он ва соири вижагиҳояш ташхис дод ва раҳгирии нафткашҳои бузург бо моҳвора осонтар аст ва омори Вазорати нафт ва Бонки марказии Эрон нишон медиҳад, ки ин кишвар дар соли 2020 ба арзиши 20 миллиард доллар маҳсулоти нафтӣ содир кардааст, ки ин мизон ду баробари арзиши содироти нафти хоми он аст ; давлати Эрон дар моҳи апрел гуфта буд, ки содироти ин маводи нафтӣ манбаи аслии даромади он аст .