Мувофиқати Раҳбари муъаззами инқилоб бо истеъфои дабири Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом
(last modified Mon, 20 Sep 2021 04:01:32 GMT )
Сентябр 20, 2021 09:01 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари муъаззами инқилоб бо истеъфои дабири Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо дархости истеъфои Муҳсини Ризоӣ аз дабирии Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом мувофиқат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эронпрессаҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар ҷавоби дархости истеъфои Муҳсини Ризоӣ аз дабирии Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом навиштанд : Ҷаноби оқои доктор Муҳсини Ризоӣ талошҳову заҳамоти шумо дар солиёни мутамодӣ дар дабирхонаи Маҷмаъи ташхиси маслиҳат фаромӯшнашуданӣ аст . Зимни пазириши истеъфои ҷаноби олӣ муваффақиятатон дар масъулияти ҷадидро аз худованди мутаъол масъалат мекунам .
Ризоӣ чанде пеш бо ҳукми Сайидиброҳими Раисӣ ба унвони муовини иқтисодии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон мансуб шуд .
Бо истеъфои Муҳсини Ризоӣ аз симати дабирии Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, Муҳаммадбоқири Зулқадр ба ин симат мансуб шуд.