Сентябр 21, 2021 15:57 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Низоми ҷумҳурии исломӣ қудсӣ аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, низоми мо қудсӣ аст, зеро мубтанӣ бар дину омӯзаҳои динӣ аст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сайид Иброҳими Раисӣ дар маросими бузургдошти ҳафтаи Дифои муқаддас ва таҷлил аз хонаводаи шуҳадо, ҷонбозон ва исоргарон бо таслияти айёми сӯгвории имом Ҳусайн (а) афзуд: Ин ҳаракати такриму таҷлил аз пешкисватон метавонад масунсозии насли ҷавон бошад ва роҳи сиёнати насли имрӯзу наслҳои оянда ин аст, ки Ошӯро муаррифӣ ва маълум шавад Ошӯро имтидод дорад ва имтидоди Ошӯро имрӯз ҷилваи шуҳадое аст, ки барои Худо ва барои як амри муқаддас дар майдон зоҳир шуданд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, рамзи қудсияти низоми ҷумҳурии исломии Эрон мубтанӣ бар дин, омӯзаҳои дин, китоб ва суннат аст.