Раисӣ: Рамзи пешрафту пирӯзии кишвар доштани рӯҳияи инқилобӣ ва басиҷӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74364-Раисӣ_Рамзи_пешрафту_пирӯзии_кишвар_доштани_рӯҳияи_инқилобӣ_ва_басиҷӣ_аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, рамзи пешрафту пирӯзии кишвар доштани рӯҳияи инқилобӣ ва басиҷӣ аст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Сентябр 24, 2021 17:32 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Рамзи пешрафту пирӯзии кишвар доштани рӯҳияи инқилобӣ ва басиҷӣ аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, рамзи пешрафту пирӯзии кишвар доштани рӯҳияи инқилобӣ ва басиҷӣ аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар ҳошияи чаҳорумин сафари устонии худ ба устони Элом, дар ғарби Эрон, рамзи пешрафту пирӯзии кишварро ҳаракат дар масири шуҳадо ва исоргарон бо рӯҳияи басиҷӣ, ихлос ва ҷиҳодӣ донист ва гуфт: Паёми шаҳидон ин аст, ки нагузорем ормонҳои инқилоб дар ҷомеа камранг шудаву адолат поймол ва иззати миллати Эрон махдуш шавад.

Раиси Ҷумҳурии Эрон дар ҳошияи чаҳорумин сафари устонии худ ба устони Элом ва дар ёдмони шуҳадо афзуд: Ҷойгоҳи исор, шаҳодат, таваккул ба Худо, вафо ба аҳд, дилдодагӣ ба Ислом ва дифоъ аз арзишҳои инқилоби исломӣ аст.

Раиси Ҷумҳурии Эрон имрӯз дар чаҳорумин сафари устонии худ вориди устони Элом, дар ғарби Эрон шуд ва ба минтақаи марзии Меҳрон рафт.