Сентябр 26, 2021 17:16 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи арбаъини ҳусайнӣ ба дилсухтагони солори шаҳидон

Фаро расидани солрӯзи арбаъини ҳусайниро ба дилсухтагони солори шаҳидон, ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ ) таслият мегӯем .

Душанбе 20 сафари 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 27 сентябри 2021, арбаъин ё чиҳилумин рӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ )-набераи Паёмбари гиромии ислом ва ёрони бовафои ишон дар саҳрои Карбало аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шумори зиёде аз мусулмонону пайравони адёни илоҳии дигар дар солҳои гузашта аз чанд рӯз монда ба арбаъини шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн ( ъ ) бо пиёдаравӣ аз шаҳри Наҷаф ва ҳамчунин дигари шаҳрҳои Ироқ  худро ба марқади мутаҳҳари ишон дар Карбалои муъалло мерасонданд .

Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон гуфт : Имсол низ ҳудуди 70 ҳазор эронӣ барои маросими пиёдаравии арбаъини ҳусайнӣ сабти ном кардаанд .
Ҳусайни Зулфиқорӣ гуфт : Аз ин теъдод 45 ҳазор нафар дозаи аввали воксани корона ва ҳудуди 25 ҳазор нафар низ ҳар ду дозаро дарёфт кардаанд ва беш аз ҳазор нафар ҳеҷ гӯна воксанеро дарёфт накардаанд .
Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон тасреҳ кард : Судӯри виза барои 60 ҳазор зоири маросими арбаъин, ки дар сомона сабти ном кардаанд, ройгон аст .
Зулфиқорӣ афзуд : Саҳмияи 60 ҳазор нафарӣ ки дар арбаъини имсол барои Эрон аз сӯи давлати Ироқ дар назар гирифта шудааст ҷамъбандии ниҳоӣ ва муқарар шуд афроде ки ҳар ду дозаи воксани коронаро тазриқ карданд тибқи саҳмияи эъломшуда муҷоз ба сафари арбаъин бошанд .

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро рсидани арбаъини ҳусайнӣ ( ъ )ро ба дӯстдорони аҳли байти Паёмбари акрам ( с ) ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегуяд .

 

Барчасп