Эрон ҷузви 5 кишвари соҳиби озмоишгоҳи муҷаҳҳази тасвирбардории пешболинӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74542-Эрон_ҷузви_5_кишвари_соҳиби_озмоишгоҳи_муҷаҳҳази_тасвирбардории_пешболинӣ
Муовини илмӣ ва фанноварии озмоишгоҳи пешболинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон гуфт, Эрон ҷузви панҷ кишвари дунё аст, ки озмоишгоҳи муҷаҳҳази тасвирбардории пешболинӣ дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 28, 2021 09:51 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷузви 5 кишвари соҳиби озмоишгоҳи муҷаҳҳази тасвирбардории пешболинӣ

Муовини илмӣ ва фанноварии озмоишгоҳи пешболинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон гуфт, Эрон ҷузви панҷ кишвари дунё аст, ки озмоишгоҳи муҷаҳҳази тасвирбардории пешболинӣ дорад.

Эҳсон Шариф Поқалъа, муовини илмӣ ва фанноварии озмоишгоҳи пешболинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон афзуд: Дар ҳоли ҳозир 9 озмоишгоҳи муҷаҳҳази тасвирбардории пешболинӣ дар дунё фаъол аст, ки нуҳумин озмоишгоҳ аз ин маҷмӯа дар кишвари Эрон роҳандозӣ шуда ва машғули ироаи хидмат ба муҳаққиқон аст.

Узви ҳайати илмии донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон гуфт, аз маҷмӯи 9 озмоишгоҳ, чаҳор озмоишгоҳ дар Амрико, 2 озмоишгоҳ дар Англия ва бақия ҳам дар кишварҳои Олмон, Италия ва Эрон доир аст ва ба иборате нуҳумин маҷмӯа дар дунё дар Эрон вуҷуд дорад.

Шариф бо ишора ба ин ки ин маҷмӯа аз имконоти технологии бисёр пешрафта баҳраманд аст, гуфт: Ҳамаи таҷҳизоту технологияҳои ин озмоишгоҳ сохт муҳаққиқони эронӣ аст ва ин кор мавриди ҳимояти муовинати илмӣ ва фанноварии раёсати ҷумҳурӣ ҳам ҳаст.

Муовини илмӣ ва фанноварии озмоишгоҳи пешболинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон бо ишора ба ин ки тасвирбардории пешболинӣ аз ҷумлаи мавзӯоте аст, ки дар кишвар аз он ғофил монда буданд, гуфт: Бо талоши муҳаққиқони эронӣ ин маҷмӯа роҳандозӣ ва машғули ироаи хадамот ба муҳаққиқон шудааст.

Шариф афзуд: Ин озмоишгоҳ дар ҳавзаҳои мухталифе аз доруҳо, саратон, бемориҳои уфунӣ, ҳатто нано ва ҳуҷайраҳои бунёдӣ фаъолият дорад.

Муовини илмӣ ва фанноварии озмоишгоҳи пешболинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон бо ишора ба ин ки дар чаҳор соле ки аз роҳандозии ин маҷмӯа мегузарад, беш аз 500 тарҳ сабт шудааст, баён дошт: Дар ин муддат беш аз 4 ҳазор искан дар ин маҷмӯа анҷом гирифтааст.