Сентябр 29, 2021 10:16 Asia/Dushanbe
  • Муовини фаннии гумруки Эрон: Воридоти воксани корона ба 73 миллион доза расид

Муовини фаннӣ ва умури гумрукии гумруки Эрон гуфт, бо вуруди панҷоҳу нуҳумин маҳмулаи воксани корона, мизони воксанҳои воридотӣ аз марзи 73 миллион доза гузашт.

Ба гузориши Хабаргузории «Эрон Пресс», Меҳрдод Ҷамолии Арзинақӣ бо баёни ин ки ин мизон дозаи воксани воридотии корона сивупанҷумин маҳмулаи воксани чинии «Синоформ» аст, гуфт: Ин маҳмула шумори воксанҳоро ба 73 миллиону 348 ҳазору 606 доза расонд.

Вай бо баёни ин ки маҳмулаи воридотӣ ба сурати ҳамли яксара таҳвили намояндагони Вазорат беҳдошт шудааст, хотирнишон кард: Бар асоси барномарезиҳои муқарраршуда дар ҳафтаи ҷорӣ, бахше аз маҳмулаи 10 миллион доза «Ҷонсон анд Ҷонсон» ва «Файзер» ворид кишвар шавад.

Бар асоси омори мунташиршудаи гумруки Эрон, бештарин воридоти воксан аз 15 баҳмани 1399 то 31 шаҳривари соли ҷорӣ марбут ба воксани «Синоформ» -и Чин бо 35 маҳмула, шомили 63 миллиону 726 ҳазору 396 доза будааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп