Сентябр 30, 2021 11:21 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Сафавӣ: Ҳеҷ қудрате тавони ҳамла ба Эронро надорад

Дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қуво таъкид кард, ҳеҷ қудрате тавони ҳамла ба Эронро надорад.

Сарлашкар Сайидяҳё Раҳими Сафавӣ, дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қуво гуфт: Ҳам миллат ва ҳам неруҳои мусаллаҳ ба қадре қудратманд шудаанд, ки ҳеҷ як аз қудратҳои фароминтақаие ҳамчун Амрико ва дигарон дар муқобили ин қудрат наметавонанд иқдоме, ки мунтаҳӣ ба таҳоҷуми низомии густарда ба Эрон шавад, анҷом диҳанд.

Дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муъззами кулли қуво дар идома афзуд: 40 сол аз амалиёти шикасти ҳасри Ободон мегузарад, аммо инсиҷому иттиҳоди бисёр хубе таҳти назари фармондеҳи муаззами кулли қуво байни артишу сипоҳ вуҷуд дорад.

Раҳими Сафавӣ таъкид кард: Ваҳдату инсиҷом, ки аз замони ҷанги таҳмилӣ шуруъ шуд, акнун дар авҷи худ қарор дорад ва аз назари инсиҷоми неруҳои мусаллаҳ дар беҳтарин вазъият қарор дорем.

Дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қуво ҳамчунин гуфт: Эрон қудрати аввали таъсиргузор дар муодилоти минтақаи ғарби Осиё аст ва қудрати дифоии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин минтақа, қудрати бузургу таъсиргузор дар муодилоти дифои амниятӣ маҳсуб мешавад.

Раҳими Сафавӣ тасреҳ кард: Имрӯз дар неруи дарёӣ ба чунон қудрате даст ёфтаем, ки новгони дарёии роҳбурдии Эрон метавонад бо убур аз уқёнуси Атлас худро ба бандари Санкт-Петербурги Русия бирасонад.