Ноябр 07, 2016 19:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар тааҳҳуди раисиҷумҳури ояндаи Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба интихоботи Амрико гуфт, ҳар давлате дар Амрико барсари кор меояд, бояд тааҳҳудоти давлати кунунии ин кишвар дар БАРҶОМ-ро иҷро кунад ва наметавонад ин тавофуқро зери по бигузорад.

Ба гузориши Радио тоҷикӣ ба нақл аз пойгоҳи хабарии бурун марзии Садо ва Симо, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон, имрӯз  дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, ҳар касе, ки дар Кохи Сафед масъулиятро бар уҳда мегирад, бояд ба тааҳҳудоти давлати пешини худ мутааҳҳид боқи бимонад ва онро иҷро кунад ва ҳеч раисиҷумҳуре наметавонад дар Амрико тааҳҳудоти ин кишвар дар БАРҶОМ-ро нодида бигирад.

Сухангуи дастгоҳи дипломасии Эрон таъкид кард, то вақте, ки амрикоиҳо дарнигоҳи худ ва сиёсатҳояшон дар бораи Эрон тағйире эҷод накунанд, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соири ҳавзаҳо, таомул ва гуфтугуи мушаххасе бо Амрико нахоҳад дошт.

Қосимӣ афзуд, Теҳрон интизори зиёде надорад, ки баъд аз интихоботи Амрико иттифоқи хосе дар равобити ин кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон рух диҳад.

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон дар айни ҳол таъкид кард, ин ки кадом як аз номзадҳо дар интихоботи ояндаи Амрико баранда мешавандро мардуми ин кишвар таъйин мекунанд ва Эрон дар масоили дохилии дигар кишварҳо дахолате намекунад.

Сухангуи вазорати  умури хориҷаи Эрон, ҳамчунин дар бораи таъсиси дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон, гуфт, ин мавзӯ замонбар аст ва ҳудуди 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, ки бисёре аз онҳо дар Теҳрон сафорат доранд, метавонанд ба сурати муҷаззо, умури марбут ба ин иттиҳодияро дар Эрон дунбол кунанд.