Ҳусайнӣ: Размоиши “Фотеҳони Хайбар” ҳушдоре ба режими саҳюнистӣ аст
(last modified Fri, 01 Oct 2021 15:17:57 GMT )
Октябр 01, 2021 20:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳусайнӣ: Размоиши “Фотеҳони Хайбар” ҳушдоре ба режими саҳюнистӣ аст

Муовини парлумонии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, размоиши “Фотеҳони Хайбар” неруи заминии артиши ҷумҳурии исломиро ҳушдоре ба режими саҳюнистӣ унвон кард.

Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ, муовини парлумонии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар таитте навишт: Унвони размоиши артиш комилан ҳушмандона интихоб шудааст. Паёмбари акрам (с) тавтеаи сарони яҳудро бо фатҳи Хайбар хунсо кард.

Муовини парлумонии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Размоиши “Фотеҳони Хайбар” низ ҳушдоре ба режими саҳюнистӣ аст, ки агар перомуни марзҳои Ҷумҳурии исломии Эрон даст аз по хато кунад, бо чунон вокуниши кӯбандае мувоҷеҳ мешавад, ки дигар ба интизори 25 ниёзӣ нест.

Размоиши “Фотеҳони Хайбар” –и неруи заминии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (ҷумъа) бо ҳузури типҳои 216 зиреҳӣ, 316 зиреҳӣ, типи 25, гуруҳи 11 тӯпхона, гуруҳи паҳпод, ҷангол, гуруҳи 433 муҳандисии размӣ ва бо пуштибонии болгардҳои ҳавонирӯз дар минтақаи умумии шимоли ғарби Эрон оғоз шуд.