Октябр 02, 2021 10:08 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Армуғони режими саҳюнистӣ барои минтақа ва Баҳрайн фақат ноамнӣ аст

Вазири умӯри хориҷаи Эрон армуғони режими саҳюнистӣ барои минтақаву Баҳрайнро ноамнӣ донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар тветте ба забони арабӣ навишт : Истиқболи ҳукӯмати Баҳрайн аз вазири хориҷаи режими ҷаълии саҳюнистӣ хиёнати ошкор ба ормони мардуми мазлӯму муқовими Фаластин аст .

Амирабдуллоҳиён тасреҳ кард : Мо фақат як кишвар мешиносем, ки Фаластин ном дораду пойтахти он Қудс аст .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Бетардид армуғони Тел-Авив барои минтақаву Баҳрайн танҳо ноамнӣ
аст .

Вазирони умӯри хориҷаи режими саҳюнистӣ ва Баҳрайн ( панҷшанбе ) нахустин сафорати режими саҳюнистӣ дар Маномаро ифтитоҳ карданд .

 

Барчасп