Октябр 02, 2021 10:23 Asia/Dushanbe
  • Эҷод субот дар Афғонистон-шарти табодулоти тиҷорӣ аз гумруки Дуғорун

Муовини роҳдории идораи кули роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии устони Хуросони разавӣ ( шимолу шарқи Эрон ) гуфт : Афзоиши табодулоти тиҷорӣ аз гузаргоҳи марзии Дуғорун вобаста ба эҷоди субот дар Афғонистон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷаводи Ваҳдатифард  бо баёни инки нигарониҳо барои фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Афғонистони ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст, афзуд : Афзоиши табодулоти тиҷорӣ аз гумруки Дуғорун вобаста ба эҷоди субот дар Афғонистон ва тавсеаи равобити тиҷории Эрон ва Афғонистон аст ва бидуни вуҷуди субот дар ҷомеъа тиҷорат маъно пайдо намекунад

.Ваҳдатифард тасреҳ кард : Авзоъи нобасомони Афғонистон муҷиби рушди муҳоҷират аз ин кишвар ва нобудии тиҷорату сармоягузорӣ дар Афғонистон хоҳад шуд .
Муовини роҳдории идораи кули роҳдорӣ ва ҳамлу нақли ҷодаии Хуросони разавӣ ҳамчунин гуфт : Пас аз эҷоди ҳокимияти ҷадид дар Афғонистон тараддуди корвонҳои тиҷорӣ аз марзи Дуғорун бо афзоишии андак ва ором ба 700 мошини боркаш дар рӯз расидааст, аммо шароити мавҷуд расидан ба ҳадафгузории суратгирифта мабнӣ бар табодулоти 2 ҳазор мошин дар рӯзро дур аз дастрас сохтааст .

Минтақаи вижаи иқтисодии Дуғорун дар 18 километрии шарқи шаҳристони Тойибод дар марзи Эрону Афғонистон қарор гирифтааст .
Дуғорун муҳимтарин марзи содиротии Эрон ва муҳимтарин марзи заминии Афғонистон барои иртибот бо ҷаҳон ба вижаи Аврупо ва кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ба шумор меравад .
Ин марз яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳо дар масирҳои тронзитии муҳими ҷаҳон аз ҷумла долони ҳамлу нақли байналмиллалии Шимол – Ҷануб ва долони ҳамлу нақли Аврупо, Қафқоз ва Осиё аст .

 

Барчасп