Октябр 02, 2021 11:29 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии мақоми Словакия аз мизбонии Эрон аз муҳоҷирони афғонистонӣ

Раиси комиссиюни дифоӣ ва амниятии порлумони Словакия дар дидори сафири Эрон аз мизбонии Ҷумҳурии исломӣ аз муҳоҷирони афғонистонӣ қадрдонӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аббоси Боқирпури Ардаконӣ- сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Словакия дар тветте бо ишора ба дидораш бо Юрий Коропа-раиси камиссиюни дифоӣ ва амниятии порлумони Словакия навишт : Дар ин дидор равобити хуб ва рӯ ба рушди дуҷониба дар заминаҳои мухталифи мавриди таъкид қарор гирифт .
Вай афзуд : Ҳамчунин масоили марбут ба муқобила бо тероризму ифротгарӣ ва сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва низ вазъияти ҷорӣ дар Афғонистон ва мушкилоти ҳоким бар он аз ҷумла дар заминаи муҳоҷирон мурур шуд .
Сафири Эрон хотирнишон кард : Дар ин робита мизбонии хуби Эрон аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар тӯли солҳои гузашта мавриди тақдири тарафи Словакия қарор гирифт .



Бештар бихонед :

 

Барчасп