Октябр 03, 2021 10:46 Asia/Dushanbe
  • Эрон-хостори иқдоми фаврии Созмони Миллал барои поёни ҷиноят алайҳи Фаластин

Намояндаи Эрон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид дар Женева хостори иқдоми фаврӣ ва қотеъ барои поён додан ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи Фаластин шуд .

Ба гузориши Садои Хуросонайидмуҳаммади Содотинажод-ройзани ҳуқуқи башари намояндагии Эрон дар Женева бо эроди суханоне дар нишасти чиҳилу ҳаштуми Шӯрои ҳуқуқи башар зайли баҳси умумии модаи 7 дастури кори нишаст, дар хусуси маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ баён дошт : Таи 7 даҳаи гузашта Фаластин ҷиноёти бешумориро аз қатли ом, поксозии қавмӣ, тағйири бофти ҷамъият, шиканҷаи систематӣ, қатли худсарона, боздошт ва тамоми шаклҳои ҷиноёти ҷангӣ, наслкушӣ ва ҷинояти алайҳи башариятро дар ҳоле таҳаммул карда, ки ингор ба шигирду шеваи амали режими саҳюнистӣ аз ибтидои ишғоли бепоёни Фаластин табдил шудааст .

Вай дар бораи тадовуми ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Фаластини ишғолӣ ба вазъияти буғранҷи садҳо кӯдаки фаластинӣ дар зиндонҳои ин режим ишора кард ва ёдовар шуд, ки онҳо умуман ба партоби санг муттаҳам ҳастанд.
Ин дипломати эронӣ хотирнишон кард, ки нотавонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои водор кардан ин режими апартайд барои пойбандӣ ба қонунҳои байналмиллалӣ масъӯлияти сангини механизмҳои ҳуқуқи башарии Созмони Миллали Муттаҳидро барои иқдоми фаврӣ қотеъонаву муассир барои поён додан ба ҷиноёте, ки алайҳи фаластиниён рух медиҳад,дучандон мекунад .
Вай тасреҳ кард ки адолатхоҳӣ ва ҳисобкашӣ дар қиболи ҷиноёте, ки алайҳи фаластиниён рух медиҳад бояд ба унвони бахше аз мутолибаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои поён додан ба ин фоҷеъа бошад . Содотинажод афзуд ки ҳомиёни Исроил аз ҷумла Иёлоти муттаҳидаи Амрико, муттаҳидони аврупоӣ ва Канада, ки аз ин режим ҳимояти молӣ, низомӣ ва сиёсӣ ба амал меоваранд низ бояд ба далели ҷасорат бахшидан ба авомили ин ҷиноёту мамониат дар иҷрои адолат посухгӯ бошанд .

Ин дипломати эронӣ бо ишора ба афзоиши ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Фаластин тасреҳ кард, ки ҳифзи модаи 7 дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолӣ дар садри дастури кори нишасти шӯро башиддат дорои аҳамият аст .
Вай бо ин ҳол аз таҳрими ин мода аз сӯи бархе давлатҳое, ки худро қаҳрамонони ҳуқуқи башар муаррифӣ мекунанд, ибрози таассуф кард

 

Барчасп