Эрон таҳсинбарангезтарин тими интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол
Конфедерасиюни футболи Осиё дар гузорше Эронро таҳсинбарангезтарин тими интихобии Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022-и Қатар номид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Конфедерасиюни футболи Осиё дар остонаи азсаргирии дидорҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар минтақаи Осиё бо ишора ба дидорҳои гуруҳи аввал аз тими миллии Эрон ба унвони таҳсинбарангезтарин тими рақобатҳои интихобӣ ёд кард.
Дар ин гузориш омадааст, Эрон таҳти ҳидояти Драган Скучич ба пиндори бисёре то ба имрӯз таҳсинбарангезтарин тими рақобатҳои интихобӣ дар минтақаи Осиё буда ва Алиризо Ҷаҳонбахш низ аз замони бозгашт ба лиги бартари Ҳоланд ва пайвастан ба
Фейеноорд қудрати ҷодуии худро бозёфтааст .
Бар асоси ин гузориш ду пирӯзии Эрон муқобили Ироқу Сурия ва 6 имтиёз аз ду бозӣ тими миллии Эронро ба хубӣ дар масири қарор гирифтан дар байни ду тими бартари гуруҳ қарор додааст.
Тими миллии Эрон дар идомаи рақобатҳои муқаддамотии ҷоми ҷаҳонӣ ҳафтуми октябр бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва дувоздаҳуми октябр бо Кореяи ҷанубӣ дидор хоҳад кард.