Октябр 04, 2021 11:35 Asia/Dushanbe
  • Ин заминларзаи устонҳои Хузистон ва Чаҳормаҳолу Бахтиёрии Эронро ларзонд
    Ин заминларзаи устонҳои Хузистон ва Чаҳормаҳолу Бахтиёрии Эронро ларзонд

Заминларзае ба бузургии 5.7 Рихтер наздикии Чилгарди марзи устонҳои Хузистон ва Чаҳормаҳолу Бахтиёрии Эронро ларзонд.

Ба гузориши Муассисаи геофизикии донишгоҳи Теҳрон ин зилзила дар 33 километрии Чилгард дар устони Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ, 37 километрии Қалъаи хоҷа дар устони Хузистон, 63 километрии шаҳристони Изе, 102 километрии Шаҳрикурд ва 158 километрии Аҳвоз рух додааст .
Ҳануз аз хисороти эҳтимолии ин заминларза гузорише дарёфт нашудааст .


Бештар бихонед :