Бозтоби лигаи куштии Эрон дар сайти Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74946-Бозтоби_лигаи_куштии_Эрон_дар_сайти_Иттиҳодияи_ҷаҳонии_куштӣ
Сайти Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ дар гузорише рақобатҳои интихобии тими миллии куштии озод дар вазнҳои 57 ва 86 килограмро баррасӣ кард .
(last modified 2026-05-23T15:56:08+00:00 )
Октябр 04, 2021 14:19 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби лигаи куштии Эрон дар сайти Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ

Сайти Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ дар гузорише рақобатҳои интихобии тими миллии куштии озод дар вазнҳои 57 ва 86 килограмро баррасӣ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сайти Иттиҳодияи ҷаҳонӣ дар хулосаи хабари ин сайт омада : Ҳасани Яздонӣ-дорандаи нишони нуқраи олимпӣ ва ду нишони тиллои қаҳрамонии ҷаҳон бо ғалаба бар Комрони Қосимпур пирӯзи рақобати интихобии тими миллии куштии озоди Эрон ба манзури ҳузур дар бозиҳои олимпии 2021-и Токио шуд .
Ҳасани Яздонӣ дар бозиҳои олимпӣ бо шикаст аз Тейлори амрикоӣ ба медали нуқра басанда кард, вале дирӯз бо пирӯзи бар ҳамин рақиб дар финал қаҳрамони Ҷоми ҷахонӣ шуд.