Бастани дафтари намояндагии Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар Боку воқеъият надорад
(last modified Wed, 06 Oct 2021 06:13:34 GMT )
Октябр 06, 2021 11:13 Asia/Dushanbe
  • Бастани дафтари намояндагии Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар Боку воқеъият надорад

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард : Бастани дафтари намояндагии Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар Боку воқеъият надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз бахши матбӯотии сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Боку дар пайи интишори хабаре дар бораи баста шудани дафтари намояндагии Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар Боку, сафорати Эрон дар Боку бо интишори иттилоъие ин хабарро рад кард .
Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Боку  эълом кард ба иллати иҷрои протоколҳои беҳдоштӣ ҳусайнияи ин макон таътил шуд.
Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Боку афзуд : Билофосила мавзӯъ аз роҳҳои дипломатӣ пайгирӣ ва нисбат ба далели ин иқдом бидуни иттилоъи қаблӣ тавзеҳ хоста шуд ва пайгириҳои қонунӣ ва дипломатӣ барои бозгушоии ин ҳусайния идома дорад .