Октябр 06, 2021 12:17 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрону Арманистон барои боз мондани коридори Қафқоз

Муовини вазири роҳу шаҳрсозии Эрон аз тавофуқи Эрону Арманистон барои боз мондани коридори Қафқоз хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи хабарии Вазорати роҳу шаҳрсозӣ, Хайруллоҳ Ходимӣ-муовини вазири роҳу шаҳрсозии Эрон аз баргузории ҷаласоти муассир бо мақомоти Арманистон ва ҳалли мушкили васоили нақлияи транзитӣ дар минтақаи Гурис хабар дод ва гуфт : Бар асоси барномаи замонбандӣ, ки мақомоти ду тараф таҳия карданд, муқаррар шуд таъмири ҷодаи ҷойгузин, ки мавриди назари мақомоти Арманистон аст ,ба итмом бирасад .

Ходимӣ афзуд : Дидорҳои муассире бо мақомоти кишвари Арманистон барои рафъи мушкили минтақаи Гурис, ки сабаби ихтилол дар тараддуди мошинҳои боркашонӣ ва мусофирбарӣ аз Эрон ба самти ин кишвар шуд баргузор ва тасмимоти бисёр муносибе барои рафъи ин мушкил гирифта шуд .

Муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ҳамчунин гуфт : Бо барномаи замонбандие, ки ду кишвари Эрону Арманистон таҳия карданд, муқарар шуд то таъмири ҷодаи ҷойгузин ( ҷодаи Тоту ), ки мавриди назари мақомоти кишвари Арманистон аст, ба итмом бирасад .

Ходимӣ хотирнишон кард : ҳамчунин то 3 моҳи оянда гарданаҳову нуқоти ҳодисахез, ки дар меҳвари ҷойгузин ба воситаи ҷода фаръӣ буда бартараф хоҳад шуд. Ҳамзамон ҷодаи аслии ҷойгузини дигаре, ки ба унвони қитъаи 4 каридори Шимол - Ҷануб дар кишвари Арманистон аст (ҷодаи самти Нурдуз ба Ереван ва аз Ереван ба марзи Гурҷистон) дар ҳоли амалиёти иҷроӣ аст.

 

Барчасп