Октябр 06, 2021 13:17 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Омодаи густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон ҳастем

Раиси ҷумҳӯри исломии Эрон дар паёме ба Эмомалӣ Раҳмон-ҳамтои тоҷики худ омодагии Теҳрон барои густариши бештари ҳамкории ҳамаҷониба байни ду кишварро эълом кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳӯри исломии Эрон дар паёме ба Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон солрӯзи таваллуди вайро табрик гуфт.
Дар паёми Раисӣ омадааст : Оқои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Саломи алайкум!

Бо ибрози сипосу қадрдонӣ аз истиқболи гарму меҳмоннавозии ҷаноби олӣ, давлату мардуми кишваратон дар сафари ахирам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии Ҷумҳурии исломии Эронро барои густариши бештари ҳамкории ҳамаҷонибаи байни ду кишвар эълом мекунам .
Ҳамчунин умедворам, ки дар ояндаи наздик имкони мулоқот бо ҷаноби олӣ дар Теҳрон барномарезӣ ва танзим шавад .
Аз Худованди мутаъоли саломатӣ ва муваффақияти он ҷаноб, хонаводаи муҳтарам ва беҳрузии мардуми дӯст ва ҳамзабони Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзӯ дорам .

 

Барчасп