Октябр 07, 2021 13:22 Asia/Dushanbe

Мусулмонони ҷаҳон ҳамзамон бо фаро расидани сиюми моҳи сафар, солрӯзи шаҳодати набераи Паёмбари аъзам ( с ), ҳазрати Имом Ризо ( ъ ) ба сӯги он имоми ҳумом нишастаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар сӯги Имом Ризо ( ъ ) ҳарами мутаҳҳари ишон дар шаҳри Машҳад дар охирин рӯзи моҳи сафар конӯни дилдодагони оли Муҳамад ( с )аст, ки аз роҳҳои дуру наздик ва бо риояти муқаррароти коронаӣ худро ба ин ҳарам мерасонанд, то дар шаҳодати набераи Паёмбар ( с ) ба маҳзари он ҳазрат арзи адаб ва иродат кунанд .
Дар солҳои гузаштаи ҳамзамон бо охирин рӯзи моҳи сафар солрӯзи шаҳодати Имом Ризо ( ъ ) шаҳри Машҳад миъодгоҳи ҳайатҳои густардаи синазанӣ ва занҷирзанӣ буд, ки аз ҷои ҷои Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ меомаданд ва дар сӯги имоми бузургвори хеш азодорӣ мекарданд, аммо дар ду соли ахир ба иллати густариши бемории корона маҳдӯдиятҳои вижае барои барпои ин ойинҳо эҷод мешавад .
Имом Ризо ( ъ ), набераи Паёмбари акрам ( с ) ва фарзанди Имом Мӯсои Козим ( ъ ), 20 сол имомати уммати исломро бар уҳда доштанд, ки ин солҳо ҳамзамон бо хилофати Ҳорӯн, Амин ва Маъмуни аббосӣ буд .
Бар асоси нақли машҳур Имом Ризо ( ъ ) охири моҳи сафари соли 203 қамарӣ дар 55 солагӣ дар Тӯси Хуросон ба дасти Маъмуни Аббосӣ ба шаҳодат расид .
Радиои тоҷикии Садои Хуросон, солрӯзи шаҳодати мазлӯмонаи набераи Паёмбар ( с ) ҳазрати Имом Ризо  ( ъ )-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон таслият мегуяд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп