Октябр 07, 2021 14:39 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ интихоби нахуствазири ҷадиди Ҷопонро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме интихоби Кишида Фумио-нахуствазири ҷадиди Ҷопонро табрик гуфт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, дар паёми Сайидиброҳими Раисӣ ба Кишида Фумио-нахуствазири Ҷопон омадааст : Интихоби ҷаноби олӣ ба унвони нахуствазири кишвари дӯст Ҷопонро аз тарафи давлату миллати Эрон самимона табрик мегӯям ва умедворам, ки ҳузури ҷаноби олӣ дар ин маснад фасли ҷадидӣ аз дӯстии байни ду кишварро бигушоед .
Вай афзуд : Итминон дорам бо тавваҷуҳ ба равобити дӯстонаву торихии Ҷумҳурии исломии Эрону Ҷопон ва бо талоши муштарак муносиботу ҳамкориҳои байни якдигар дар тамоми арсаҳо, ба вижа дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ беш аз пеш густариш меёбад .
Раисӣ тасреҳ кард : Сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора кумак ба тақвияти сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар партави адолату пайбандии мутақобил ба таъаҳҳудоту тавофуқоти байналмиллалӣ, тавъам бо риояти ҳаққи ҳокимияти кишварҳои мустақилу сиёнат аз ҳуқуқи миллатҳо будааст . Бар ҳамин асос умедворам тақвияти ройзаниҳо ва талошҳои муштараки ду кишвар ҳамчун гузашта мӯҷиби таҳкими равобиту сулҳу суботи минтақае ва байналмиллалӣ гардад . Эрону Ҷопон ба унвони ду дӯсти қадимӣ метавонанд бо асолат додан ба равобити дуҷониба эътимоди мутақобили байни худро таъмиқ бахшанд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп