Октябр 08, 2021 17:15 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи фарангикорони Эрон дар рӯзи нахусти мусобиқоти ҷаҳонӣ

Муҳаммадризо Мухторӣ ва Пажмони Пиштом дар вазнҳои 72 ва 82 килограми куштии фарангии Эрон, бо бохт муқобили ҳарифони худ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ, аз расидан ба финал бозмонданд.

Ба гузориши “Эрон Пресс”, Муҳаммадризо Мухторӣ, намояндаи вазни 72 килограми Эрон дар марҳалаи ниманиҳоӣ муқобили ҳарифи армании худ, бо натиҷаи 10 бар 4 натиҷаро вогузор карду аз расидан ба финал бозмонд.

Пажмони Пиштом низ дар вазни 82 килограм бо бохти 5 бар 1 муқобили куштигири Туркия ба дидори радабандӣ роҳ пайдо кард.

Имрӯз ҳамчунин Муҳаммадризо Гароӣ бо бохт муқобили ҳарифи руси худ бояд барои касби медали биринҷӣ рақобат кунад.

Саҷҷоди Аббоспур низ дар куштии аввал бо бохт муқобили ҳарифи амрикоии худ аз даври рақобатҳо ҳазф шуд.