Октябр 08, 2021 18:33 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Бо Арабистони Саудӣ дар бархе маворид ба тавофуқҳое даст пайдо кардаем

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки гуфтугӯҳои Теҳрон ва Риёз дар масири дурусте ҳаракат мекунад, эълом кард, ки Эрон ва Арабистони Саудӣ дар бархе маворид ба тавофуқҳое даст пайдо кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо шабакаи “Алмаёдин” дар хусуси гуфтугӯҳои Теҳрон ва Риёз гуфт: Гуфтугӯҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ дар масири дурусте ҳаракат мекунад ва мо ба гуфтугӯҳои бештаре ниёз дорем.

Амирабдуллоҳиён афзуд: Мо ва Арабистони Саудӣ ба тавофуқҳое дар бархе заминаҳо даст пайдо кардем ва мо аз ин гуфтугӯҳо истиқбол мекунем.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Гуфтугӯҳои мо бо Арабистони Саудӣ ба нафъи минтақа аст. Ин як гуфтугӯи созанда аст. Эрону Арабистони Саудӣ ду кишвари муҳим ҳастанд ва нақши пураҳамияте дар тасбити амнияти минтақа доранд.

Амирабдуллоҳиён афзуд: Эрон бар ин бовар аст, ки муодилаи гуфтугӯ ва истиқбол аз дигарон метавонад ояндаи дурахшоне барои минтақа дошта бошад.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома ба гуфтугӯҳои ҳастаӣ ишора ва таъкид кард: Мо замони худро бо музокирот талаф нахоҳем кард ва агар Амрико барои бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ ҷиддӣ бошад, мо метавонем бар рӯйи ин масъала ҳисоб кунем.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин гуфт: Ҳадафи асосии давлати Эрон як тарҳи иқтисодии фарогири чандҷониба аст. Дар ояндаи наздик шоҳиди натоиҷи ибтикорҳои Эрон дар заминаи барқарории сулҳу амният дар минтақа хоҳед буд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди рӯзи гузашта вориди Лубнон шуд ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидору гуфтугӯ дошт.

 

Барчасп