Тахтиравончӣ : Иқдомоти якҷонибаи ғайриқонунии Амрико поймолкунандаи усӯли ошкори ҳуқуқи байналмиллалӣ аст
Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи ҷумъа тасреҳ кард: Иқдомоти якҷонибаи қаҳромез ва ғайриқонунии Амрико аз ҷумла таҳмили таҳримҳои ғайриқонунӣ бар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа поймолкунандаи усӯли ошкори ҳуқуқи байналмиллалӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Маҷиди Тахтиравончи дар нишасти умумии кумитаи дувуми маҷмаъи умумии Созмони Миллал хотирнишон кард дар шароити кунӯнӣ ва дар ҳоле ки буҳрони бесобиқаи саломату беҳдоштҳамчунон ҷавомеъи башариро дар менавардад,анҷоми иқдомоти якҷонибаи қаҳромез асосан низомҳои саломати кишварҳоро ҳадаф қарор дода ва фалаҷ кардааст, ки ин иқдом илова бар инки ҷиноят алайҳи башарият маҳсуб мешавад, бо аҳдофи тавсеъа дар таноқуз аст .
Тахтиравончӣ бо таъкид бар инки рӯйкардҳои ғайриодилона, номашрӯъ ва ғайриқонӯнии теъдоди андаке аз кишварҳо чандҷонибагароиро онҳам дар шароите, ки ҷаҳон бештарини ниёзро ба он дорад, таҳдид ва тазъиф мекунад, афзуд: Муҳимтарин чолиши фарорӯии башарият дар ҳоли ҳозир ду вируси маргбор, мухарриб, зидди рушд ва зидди тавсеъа, яъне корона ва иқдомоти якҷонибаи қаҳромез ҳастанд.
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал дар идома ба таҳримҳои якҷонибаву ғайриқонунии Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ишора кард ва гуфт : Эрон алорағми ҳамаи фишорҳову маҳдудиятҳо, аз ҷумла маҳдудиятҳои ношӣ аз хурӯҷи ғайриқонӯнӣ ва якҷонибаи Амрико аз Барҷом ба талошии музоъаф барои сохтани ояндае саршор аз умеду сарбаландӣ идома додааст .
Бар асоси эъломи Тахтиравончӣ ، дар натиҷаи ин талошҳои хастагинопазир бар асоси гузориши соли 2020-и тавсеаъи пойдор, Эрон тавониста байни 166 кишвар рутбаи 59-ро ба лиҳози шохисҳои тавсеаъа касб кунад ва ин нишондиҳандаи дастовардҳои азими Эрон алорағми ҳамаи маҳдудиятҳо ва фишорҳост .
Намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллал дар поён ба гомҳои асосии Эрон дар ҳавзаи энержиҳои пойдору сармоягузориҳои қобили тавваҷуҳи анҷомшуда дар кишвар барои эҷоду тақвияти зерсохтҳои марбӯта алорағми таҳримҳои золимона ишора намуд ва ҳадафи ин талошҳоро фароҳам кардани дастрасии умуми мардуми Эрон ба шакли баробар,босарфа, кофӣ ва пойдор ба манобеи энержӣ унвон дошт .
Тахтиравончӣ изҳор дошт : Дар натиҷаи талошҳои анҷомшуда миёнгини дастрасии мардуми Эрон ба барқ 99.8 ва гази табиии 95 дарсад мебошад, ки шоҳиде бар дастёбӣ ба болотарин мизони дастрасӣ ба энержӣ барои умум дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст .
Бештар бихонед :