Октябр 09, 2021 13:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ду баробарии тиҷорати хориҷии Эрон

Сухангӯи гумруки Эрон аз афзоиши ду баробарии тиҷорати хориҷии кишвар хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидрӯҳуллоҳи Латифӣ-сухангӯи гумруки Эрон гуфт : Дар шаҳривари моҳи имсол ( 1400 ) 19 миллиону 841 ҳазор тон коло ба арзиши 10 миллиарду 635 миллион доллар байни Эрон ва кишварҳои ҷаҳон табодул шуд, ки нисбат ба мурдодмоҳ 135 дарсад дар вазн ва 98 дарсад дар арзиш рушд доштааст . Латифӣ афзуд : Саҳми содирот дар ин моҳ ( 31 рӯз ) 14 миллиону 522 ҳазор тон ба арзиши 4 миллиарду 145 миллион доллар будааст, ки нисбат ба шаҳривармоҳи соли қабл ( 1399 ) аз лиҳози вазнӣ 75 дарсад ва аз лиҳози арзиш низ рушди 56 дарсадӣ доштааст .
Сухангӯи гумруки Эрон ҳамчунин гуфт : Туркия бо 5 миллиону 839 ҳазор тон ба арзиши 1 миллиарду 202 миллион доллар дар рутбаи нахусти мақосиди колоҳои эронӣ қарор гирифт .



Бештар бихонед :

 

Барчасп