Октябр 11, 2021 14:52 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Вуҷуди пойгоҳҳои террористӣ дар иқлими Курдистони Ироқ бо ҳусни ҳамҷаворӣ ҳамхонӣ надорад ва қобили таҳаммул нест ва бояд ин пойгоҳҳо барчида шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Саиди Хатибзода дар идомаи нишасти хабарии худ зимни ташреҳи охирин таҳаввулот дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ дар бораи баргузории интихоботи порлумонӣ дар Ироқ гуфт : Аз баргузории муваффақиятомези ин интихобот дар Ироқ истиқбол мекунем.
Хатибзода дар бора вуҷуди гурӯҳакҳои террористӣ дар хоки Ироқ изҳор дошт : Борҳо ба дӯстон дар давлати марказии  иқлими Курдистони Ироқ гуфтаем, ки ин мавзӯ бо ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ ҳамхонӣ надорад . Ин вазъият қобили идома додан нест ва бояд ин пойгоҳҳо ҷамъ шаванд.



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп