Октябр 12, 2021 14:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар арсаи ҳавофазо ,қудрати мушакӣ, қудрати баҳрӣ ва арсаи заминӣ  акнун дар тарози як неруии роҳбурдӣ қарор дорад
    Эрон дар арсаи ҳавофазо ,қудрати мушакӣ, қудрати баҳрӣ ва арсаи заминӣ акнун дар тарози як неруии роҳбурдӣ қарор дорад

Марҳалаи амалиётии размоиши муштараки тахассусии падофанди ҳавоии Мудофеъони осмони вилояти 1400 аз бомдоди имрӯз сешанбе ( 12 октябри 2021 ) бо ҳузури қисмҳоиҳои баргузидаи неруи падофанди ҳавоии артиш неруи ҳавофазои Сипоҳ ва неруии ҳавои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақаи кавир(биёбони)и марказии Эрон оғоз шуд .

Генерал Қодир Раҳимзода-фармондеҳи қароргоҳи муштараки падофанди ҳавоии Хотамуланбиё ( с ) ҳадаф аз баргузории размоиши муштараки тахассусии падофанди ҳавои Мудофеъони осмони вилояти 1400-ро афзоиши омодагии размии неруҳо, эҷоди боздорандагӣ, арзёбии сомонаҳои бӯмии падофанди ҳавоӣ барои муқобила бо таҳдидоти мутанаввеъ, пурҳаҷму дифои ҳамаҷониба ва 360 дараҷа дар фазои ҷанги электроникӣ ва интернетӣ, афзоиши сатҳи донишу маҳорати коркунони амалиётӣ ва фаннӣ баршумурд .
Баргузории размоишҳои тахассусии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аз чанд вижагии муҳим бархурдор аст.
Вижагии нахуст  бумӣ будани тамоми таҷҳизоту системаҳои размӣ ва дифоӣ аст, ки нишондиҳандаи муттакӣ будан неруҳои мусаллаҳ ба зарфиятҳои дохилӣ аст .
Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин замина ду ҳадафро ҳамзамон пайгирӣ кардааст .
Ҳадафи нахуст; Бумисозии саноъати дифоӣ дар бахшҳои мавриди ниёз бавижа дар бахши тавони дифои мушакӣ аст, ки аз аҳамияти роҳбурдӣ ва стротегӣ дар баҳси боздорандагии дифоӣ бархурдор аст .
Ҳадафи дувум ; Баҳси кадрсозӣ ва тарбияти неруҳои мутахассису истифода аз механизмҳои пешрафтаи омӯзишӣ ва баргузории муназзами размоишҳои тахассусӣ ба манзури суръат бахшидан ба ҳаракат дар ин ҷиҳат аст .
Тактикҳои бакоргирифта шуда дар ин размоиш низ мутаносиб бо сохторҳову таҳдидоти рӯзи дунё тарҳрезӣ ва иҷро хоҳад шуд .
Вижагии дигари баргузории ин размоишҳо афзоиши қудрати низомии Эрон мутаносиб бо ниёзҳои матаъорифи дифоӣ дар ҳамаи сутӯҳи дифоӣ ва боздорандагӣ аст .
Эрон дар арсаи ҳавофазо, қудрати мушакӣ, қудрати дарёӣ(баҳрӣ) ва арсаи заминӣ акнун дар тарози як неруии роҳбурдӣ қарор дорад . Бадеҳӣ аст Ҷумҳурии исломии Эрон ба дунболи таҳдид нест, балки ба дунболи ҳифзи амнияти кишвару ҷилавгирӣ аз таҳдид аст .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣаҳбари муъаззами инқилоб ва фармондеҳи кулли қуво дар табйини муаллифаҳои аслии иқтидори миллати Эрон таъкид кардаанд, ки ҳадаф аз сиёсати « қудрати боздорандаи низоми исломӣ » ҷилавгирӣ аз тасаввури таъарруз ба Эрон аз ҷониби зӯргӯёни байналмилалӣ аст .

Ишон дар баёноте дар ҳамин замина бо ёдоварии намунаҳое аз қудрати дифоии имрӯзи Эрон мисли соқит кардани паҳподи мутаҷовизи амрикоӣ дар осмони Эрон ва ё дарҳам кубидани пойгоҳи Айнуласад, гуфтанд : " Душман дар муқобили ин воқеиятҳо ногузир аст қудрату тавоноиҳои дифоии Эронро дар муҳосиботу тасмимоти худ дар назар бигирад. "

Вижагии сеюм ; Дар иҷрои тамринҳои низомии Эрони истифода аз фанновариҳои навинаст . Дар ин размоиш низ аз таҷҳизоти пешрафтаи электроникӣ, муҳимоти ҳушманд, мӯшакҳои Круз ва ҳавопаймоҳои босарнишин ва бидуни сарнишини пинҳонкори пешрафта истифода мешавад .

Фатҳуллоҳи Калонтарӣ-устоди донишгоҳу таҳлилгари масойили низомӣ  боздорандагиро дорои се рукн дониста ва муътақидаст: Нахустин рукни боздорандагӣ қудратсозӣ аст . Рукни дувум қудратафзоӣ ва сеюмин рукни он низ қудратафканӣ аст .

Ҷумҳурии исломии Эрон дар арсаи ҳамафзойии қудрати боздорандагӣ дастовардҳои қобили таваҷҷӯҳе доштааст . Бумисозии сохти анвоъи мӯшаки болистик бо корбурдҳои мухталиф ва қарор гирифтани Эрон дар байни 5 кишвари бартари созандаи паҳпод дар ҷаҳон ва дуюмин кишвари созандаи паҳбоди радаргурез аз шохисҳои пешрафти Эрон дар ин арса аст .
Бо тавваҷуҳ ба шароити ҳассосе, ки дар ғарби Осиё вуҷуд дорад доштани омодагиҳои дифоӣ ва қудрати таҳоҷумӣ барои дафъи таҳдидҳо аз муҳити перомунии Эрон низ аз аҳамияти музоъафе бархӯрдор аст . Дар посух ба ин ниёзи стротежӣ дар докторинаи низомии Эрони аҳдофи роҳбурдии шаклгирифта, ки боиси иртиқои қобилиятҳои дифоии ин кишвар шудааст . Ин зарфият ба мафҳуми бархурдорӣ аз қудрати боздорандагии низомӣ, дифоӣ ва таҳоҷуми муассир барои мунсариф кардани душман аз таҳоҷуми низомӣ аст. Аҳамияти размоиши имрӯзи муштараки тахассусии падофанди ҳавои Мудофеъони осмони вилояти 1400 низ дар таъкид бар пайгирии ҳамин аҳдоф аст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп