Октябр 12, 2021 15:15 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи аввалияи Эрон ва Арабистони Саудӣ бар сари бозкушоии консулгариҳо

Як дипломати наздик ба музокирот миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ду кишвар дар остонаи расидан ба тавофуқе барои костан аз танишҳо ҳастанд.

Хабаргузории Фаронса гузориш дод, Арабистони саудӣ ва Эрон ахиран нишонаҳое аз гарм шудани равобит нишон додаанд, аммо коршиносон мегӯянд, барои костан аз танишҳо ба иқдомоти бештаре ниёз аст.

Равобити дипломатӣ миёни Эрон ва Арабистони саудӣ, панҷ соли пеш дар пайи иқдоми Риёз дар эъдоми оятуллоҳ шайх Нимер, раҳбари шиаёни Арабистон қатъ шуд. Дар ҳафтаҳои гузашта гузоришҳое аз музокирот миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Бағдод мунташир шудааст.

Файсал бин Фарҳон, вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ чанд рӯзи пеш таъйид кард, ки Эрон ва Арабистон чаҳорумин давр аз гуфтугӯҳоро дар моҳи сентябр баргузор кардаанд. Вай ибрози умедворӣ кард, ки гуфтугӯҳо битавонанд заминаи ҳаллу фасли масоил миёни ду кишварро падид оваранд.

Дар моҳҳои гузашта гумоназаниҳои фаровоне дар бораи оғози гуфтугӯҳои муштарак миёни мақомоти ду кишвар барои коҳиши танишҳои сиёсӣ матраҳ шудааст, ки бархе мақомоти расмӣ низ онро таъйид кардаанд. Ҳарчанд ҳанӯз ҷузъиёте аз ин гуфтугӯҳо мунташир нашудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп