Октябр 12, 2021 16:53 Asia/Dushanbe
  • Нишасти вазирони хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дар Теҳрон баргузор мешавад

Дастёри вазир ва мудири кулли Осиёи ғарбии Вазорати умури хориҷаи Эрон аз баргузории нишасти вузарои умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон, дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Расули Мӯсавӣ дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт: Таҳарруки дипломатии қобили таваҷҷуҳе барои дарки таҳаввулоти Афғонистон ва таъсиргузорӣ бар ояндаи он вуҷуд дорад.

Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ дар ҷараёни нишасти хабарии худ гуфта буд: Ба пешниҳоди Эрон қарор шуд Русия ҳам дар ин нишаст дар мавриди Афғонистон ҳузур ёбад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп