Октябр 12, 2021 17:04 Asia/Dushanbe
  • Дидору ройзании раиси маҷлиси Швейтсария бо Амирабдуллоҳиён дар Теҳрон

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо раиси маҷлиси Швейтсария дидор ва ройзанӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, раиси Маҷлиси Шӯрои миллии Швейтсария имрӯз - сешанбе дар Теҳрон бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Раиси Маҷлиси Шӯрои миллии Швейтсария пеш аз ин низ бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, Муҳамиа ҷаводи Асгарӣ, раиси Комиссиюни кишоварзӣ, об, манобеи табиӣ ва муҳити зисти маҷлис ва Ваҳиди Ҷалолзода, раиси Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис дидор карда буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп