Вокуниши Шамхонӣ ба иддаои Алиев
(last modified Sat, 16 Oct 2021 05:10:00 GMT )
Октябр 16, 2021 10:10 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Шамхонӣ ба иддаои Алиев

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар паёме нисбат ба изҳороти ғайривоқеъбенонаи зиддэронии раисиҷумҳурии Озарбойҷон ҳушдор дод ва навишт: “Муроқиби домҳои пурҳазинаи шаётин бошед”.

Ба гузориши ИРНА, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар ин паём навишт: “Бетаваҷҷӯҳӣ ба усӯл ва илзомоти ҳамсоягӣ ва баёни изҳороти дурӯғ ва ғайрисозанда, нишонаи ҳусни ният ва тадбир нест”.

Шамхонӣ афзуд, иттиҳомзанӣ ба кишваре, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро ба унвони қаҳрамони мубориза бо маводи мухаддир мешиносад, асаре ҷуз беэътиборсозии каломи гӯянда надорад.

Вай таъкид кард, муроқиби домҳои пурҳазинаи шаётин бошед.

Раисиҷумҳурии Озарбойҷон дар нишасти маҷозии сарони кишварҳои ИДМ дар изҳороте ғайривоқеъбенона муддаӣ шуд: “Арманистон дар табонӣ бо Эрон аз манотиқи ишғолии собиқи ҷумҳурии Озарбойҷон барои анҷоми қочоқи маводи мухаддир ба Аврупо ба муддати ҳудӯди 30 сол истифода мекард”.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон низ зимни такзиби ин иддао бар ҳамкории Эрону Арманистон дар ҳавзаи мубориза бо маводи мухаддир таъкид карда буд.

Бештар бихонед: