Октябр 16, 2021 15:20 Asia/Dushanbe
  • Рушди 40 дарсадии тиҷорати Эрон бо Авруосиё

Сухангӯи гумруки Эрон гуфт, дар нимаи нахусти имсол, беш аз панҷу ними миллион тон коло ба арзиши ду миллиарду 483 миллиондоллар байни Эрон бо Авруосиё табодул шуд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи 12 дарсад дар вазн ва 40 дарсад дар арзиш афзоиш доштааст.

Саидрӯҳуллоҳи Латифӣ афзуд, дар 6 моҳаи нахусти имсол панҷ миллиону 549 ҳазору 311 тон коло ба арзиши ду миллиарду 483 миллиону 129 ҳазору 784 доллар байни Эрону Иттиҳоди иқтисодӣ - гумрукии Авруосиё табодул шуд, ки саҳми содироти як миллиону 167 ҳазору 858 тон ба арзиши 514 миллиону 399 ҳазору 324 доллар ва саҳми воридот низ чаҳор миллиону 381 ҳазору 453 тон ба арзиши як миллиарду 968 миллиону 730 ҳазору 460 доллар будааст.

Вай гуфт, содироти Эрон дар 6 моҳи гузашта ба панҷ кишвари узви ин иттиҳодия, аз лиҳози вазнӣ ҳудӯди панҷ дарсад ва аз лиҳози арзиши 36 дарсад афзоиш доштааст.

Латифӣ дар хусӯси мизони содирот ба аъзои Авруосиё тавзеҳ дод, Русия бо 503 ҳазору 773 тон ба арзиши 270 миллиону 394 ҳазору 885 доллар дар рутбаи нахусти хариди колои эронӣ дар ин иттиҳодия қарор дорад, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 6 дарсад дар вазн ва 32 дарсад дар арзиш рушд доштааст.

 

Барчасп