Тарҳи донишманди эронӣ барои кашфи озмоиши хонагии "Ковид - 19"
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i75546-Тарҳи_донишманди_эронӣ_барои_кашфи_озмоиши_хонагии_Ковид_19
Донишманди эронӣ, тарҳеро дар Донишгоҳи Пенсилвания барои ибдоъ иозмоиши хонагии Ковид - 19 бо диққат беш аз 90 дарсад мудирият мекунад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 16, 2021 16:02 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи донишманди эронӣ барои кашфи озмоиши хонагии

Донишманди эронӣ, тарҳеро дар Донишгоҳи Пенсилвания барои ибдоъ иозмоиши хонагии Ковид - 19 бо диққат беш аз 90 дарсад мудирият мекунад.

Ба гузориши вебсайти расмии Донишгоҳи Пенсилвания, пажӯҳишгарони Донишгоҳи Пенсилвания ба сарпарастии  Ойдо Иброҳимӣ, донишманди эронӣ саъй доранд як озмоиши хонагии Ковид - 19 ибдоъ(кашф) кунанд, ки метавонад натоиҷро дар 30 дақиқа ва бо диққати беш аз 90 дарсад ироа диҳад .

Озмоишҳои кунӯнии Ковид - 19 ба пардозиши озмоишгоҳе ниёз доранд, дар натиҷа афроде, ки эҳтимолан бемор ҳастанд, ба озмоишгоҳ мераванд ё рӯзҳо мунтазири ташхис мемонанд.

Пажуҳишгарони Донишгоҳи Пенсилвания (Penn State) ба сарпарастии Ойдои Иброҳимӣ (Aida Ebrahimi), донишманди эронӣ талош мекунанд як озмоиши хонагӣ ва ба сарфаи Ковид - 19 мубтанӣ бар базоқи даҳон ироа диҳанд, ки бо вуҷӯди сода будан ҳассосияти болотаре дорад.

Ин гуруҳи пажӯҳишӣ, қасд доранд абзореро ибдоъ кунанд, ки метавонад натоиҷи озмоишро дар 30 дақиқа бо диққати беш аз 90 дарсад ироа диҳад.

Бештар бихонед: