Дидори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо вазири нерӯи Эрон
(last modified Sun, 17 Oct 2021 20:08:42 GMT )
Октябр 18, 2021 01:08 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо вазири нерӯи Эрон

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо вазири нерӯи Ҷумҳурии исломии Эрон мулоқот кард.

Ба гузориши сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, 16 октябри соли 2021 дар Теҳрон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон Алиакбари Меҳробиён доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла пайгирии тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (17- 18 сентябри соли 2021) ҳосилшуда ва рафти иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон (7-8 июни 2021, Душанбе) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун таъкид карданд.