Октябр 19, 2021 17:07 Asia/Dushanbe
  • Эрон - меҳвари дидори мудири кулли Ожонси атомӣ бо вазири хориҷаи Амрико

Вазири умури хориҷаи Амрико дар дидор бо мудири кулли Ожонси энержии атомӣ гуфт, ки Эрон меҳвари ин гуфтугӯҳои дуҷониба хоҳад буд, зеро ожонс нақши муҳиме дар назорат бар фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, Рофаэл Груси, ки барои гуфтугӯ дар бораи маҷмӯи васеъе аз масоил, ки аз ҷумла Эрон ва Кореяи Шимолӣ аст, ба Вашингтон сафар карда, бомдоди сешанбе бо Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико дидор кард.

Блинкен дар ин дидор дар бораи иқдомоти ожонси атомӣ дар хусуси Эрон низ гуфт: Ожонс нақши комилан возеҳу муҳиме дар назорат бар фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дорад ва нақши ҳаётӣ дар кумак ба истифодаи сулҳомез аз энержии атомӣ ифо мекунад.

Вазири хориҷаи Амрико таъкид кард: Бинобарин имрӯз чизҳои зиёде барои гуфтан вуҷуд дорад. Ниёзе ба гуфтан нест, ки Эрон бахши умдае аз тамаркуз аст.

 

Рӯзи душанбе мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар паёме твиттерӣ навишт, барои ройзанӣ дар бораи БарҶоам, ростиозмоии ҳастаӣ ва мавзӯоти дигар роҳии Амрико шудааст.

Пеш аз ин аммо Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо баёни ин ки ҳеҷ нақшаи дувуме дар хусуси Эрон ва тавофуқи ҳастаӣ наметавонад тарҳи хубе бошад, муддаӣ шуд, замон барои бозгашти Теҳрон ба музокирот маҳдуд аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп