Ноябр 09, 2016 13:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои рӯ ба рушди Эрон ва Тоҷикистон дар бахши энержӣ

Ҳамиди Читчиён, вазири нерӯи Эрон гуфт: ‌Пешрафт ва тавсеаи Тоҷикистон муваффақияти давлат ва миллати ин кишвар пешрафт ва муваффақияти Эрон аст.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Читчиён дар маросими поёни ёздаҳумин Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон афзуд: Ҳарчанд арзиши мубодилоти тиҷории ду кишвар ҳокӣ аз раванде рӯ ба рушд аст, аммо сатҳи мавҷуди равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ мутаносиб бо сатҳи хуби равобити сиёсии Эрон ва Тоҷикистон нест.

Ҳамиди Читчиён бар зарурати талоши мақомоти ду кишвар барои ҳидояти бахшҳои хусусӣ ва давлатии Эрон ва Тоҷикистон дар масири афзоиши ҳаҷми мубодилот ва сармоягузориҳои муштарак таъкид кард.

Вазири нерӯи Эрон таъкид кард: Тавсеаи равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои ҳамсоя дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон қарор дорад ва аз ин назар Тоҷикистон аз ҷойгоҳи вижа ва арзандае бархурдор аст.

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ҳам таъкид кард: Ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ дар давраи ҷадид афзоиш меёбад.

Усмоналӣ Усмонзода афзуд: Ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар сохти нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” хуб буда ва дастоварди хубе доштааст.

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт: Миллат ва давлати Тоҷикистон аз густариши ҳамкориҳо бо Эрон истиқбол мекунанд ва хурсанд ҳастанд.