Мухтареони эронӣ дар садри намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Хорватия истоданд
(last modified Fri, 22 Oct 2021 15:01:41 GMT )
Октябр 22, 2021 20:01 Asia/Dushanbe
  • Мухтареони эронӣ дар садри намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Хорватия истоданд

Мухтареъони эронӣ бо касби се тиллои инфиродӣ ва як нуқраи тимӣ дар садри намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Хорватия истоданд.

Тими мухтареони ҷавони Эрон дар ҳафдаҳумин давраи намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Хорватия дар шаҳри Загреб бо касби се медоли тиллои инфиродӣ ва як нуқраи тимӣ дар садр истоданд.

Тими Эрон шомили Маҳсо Ҳуҷҷатулисломӣ, Ҳомиди Аҳарӣ, Комбизи Лориҷонӣ, Ануша Шарифон, Алии Асадӣ, Ориёмеҳри Мулкӣ ва Саиднимо Нақибии Ереванӣ аз сӯи Федерасиюни байналмилалии мухтареони Эрон дар ин намоишгоҳ ширкат карда буданд.

Дар ин давра аз намоишгоҳ Алии Асадӣ ба хотири навоварии «дастгоҳи сайёри тамиз кардан, хушк кардан ва дарзмол кардани анвоъи либос», Ориёи Меҳримлкӣ ба хотири навоварии «ташхиси беморӣ бар асоси тасовири OCT шабакияи чашм» ва Саиднимо Нақибии Ереванӣ ба хотири «тарроҳӣ ва сохти намӯнаи озмоишгоҳии дампери мойеъ танзим шуда ҷиҳати истифода дар миқёси воқеӣ дар сохтумонҳои муртафаъ» ба медоли тилло даст ёфтанд.

Ҳамчунин тими чаҳорнафараи Эрон, Маҳсо Ҳуҷҷатулисломӣ, Ҳомиди Аҳарӣ, Комбизи Лориҷонӣ, Ануша Шарифон, бахотири навоварии «тавлиди навъе филми PLA ҳовии наномулсия ба манзури афзоиши мондагории моҳии қизилолои рангинкамонӣ» ба медоли нуқраи ин мусобиқот даст ёфтанд.

Намоишгоҳи байналмилалӣ ва тахассусии ихтирооти кишвари Хорватия ҳамасола тавассути Иттиҳодияи мухтареони кишвари Хорватия зери назару ҳимояти мустақими Донишгоҳи миллии Загреб ва бо ҳимояти Федерасиюни ҷаҳонии мухтареъини IFIA, созмонҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ ва марокизи муртабит бо мухтареъин ва вазоратхонаҳои улӯм, омӯзишу таҳқиқоти Эрон беш аз 15 кишвар баргузор мешавад.