Меҳмонони Конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ бо раҳбари муъаззами инқилоб дидор мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i75844-Меҳмонони_Конфронси_байналмилалии_Ваҳдати_исломӣ_бо_раҳбари_муъаззами_инқилоб_дидор_мекунанд
Меҳмонони Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ”, 17 рабеъулаввал бо раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дидор мекунанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 22, 2021 20:58 Asia/Dushanbe
  • Меҳмонони Конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ бо раҳбари муъаззами инқилоб дидор мекунанд

Меҳмонони Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ”, 17 рабеъулаввал бо раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дидор мекунанд.

Ба гузориши дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳамзамон бо иди бузурги милоди бо саъодати Паёмбар Аъзам (с) ва имом Содиқ (а), сарони қуво, ҷамъе аз масъӯлони низому миҳмонони ширкаткунанда дар 35-умин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ, субҳи рӯзи якшанбе дуввуми обон бо ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дидор мекунанд.

Ин дидор тибқи завобиту оинномаҳои Ситоди муқобила бо корона ва бо риояти дастӯруламалҳои беҳдоштӣ дар маҳали ҳусайния имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор хоҳад шуд.