Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ : Шохиси аслии ваҳдат Фаластин аст
(last modified Sun, 24 Oct 2021 12:37:55 GMT )
Октябр 24, 2021 17:37 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ : Шохиси аслии ваҳдат Фаластин аст

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз масъӯлони низом ва меҳмонони ширкаткунанда дар Конфаронси ваҳдати исломӣ шохиси аслии ваҳдатро Фаластин донистанд ва таъкид карданд : Давлатҳое ки оддисозӣ карданд хатои худро ҷуброн кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муъаззами раҳбарӣ дар хуҷастасолрӯзи валодати бо саодати Паёмбари раҳмат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо ( с ) ва ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ ), Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар дидори ёдшуда ду вазифаи муҳим барои уммати исломиро « табйину тарвиҷи ҷомеъияти ислом дар ҳамаи шуъӯни зиндагии башар » ва « тақвияти иттиҳоди мусулмонон » хонданд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъмини ҳадафи муҳими эҷоди тамаддуни навини исломиро ҷуз бо иттиҳоди шиъау суннӣ мумкин надонистанд ва гуфтанд : Шохиси аслӣ барои иттиҳоди мусулмонон қазияи Фаластин аст ва ҳар чи ҷиддияти бештаре барои эҳёи ҳуқуқи фаластиниён ба харҷ дода шавад, иттиҳоди исломӣ тақвият мешавад .
Ишон иқдоми баъзе давлатҳои минтақа барои оддисозии равобит бо режими ғосиби саҳюнистиро гуноҳу хатои бузург хонданд ва афзуданд : Ин давлатҳо бояд аз ин ҳаракату роҳи зидди ваҳдати исломӣ баргарданду хатои бузурги худро ҷуброн кунанд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ иттиҳоди мусулмононро фаризаи қатъӣ ва дастури қуръонӣ хонданд ва афзуданд : Ваҳдати исломӣ як амри усӯлӣ аст, на амри тактикӣ ва махсӯси шароити хос  ва ин ҳамафзойӣ мӯҷиби қавӣ шудани мусулмонон мешавад, то дар иртиботот бо кишварҳои ғайриисломӣ низ бо дасти пур вориди таъомул шаванд .
Ишон иллати таъкидҳои мукаррар бар масаълаи ваҳдатро фосилаи зиёди байни мазоҳибу талошҳои ҷиддии душманон барои афзоиши фосилаҳо хонданд ва гуфтанд : Имрӯз калимаи шиъаву суннӣ дар адабиёти сиёсии амрикоиҳо ҳам ворид шуда дар ҳоле ки онҳо бо асли ислом мухолиф ва душман ҳастанд .
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба талошҳои Амрико ва авомили дастомӯзи он барои эҷоди фитна дар ҳар ҷои дунёи ислом хотирнишон карданд : Инфиҷорҳои таъассуфбору гиряовари ахир дар масоҷиди Афғонистон алайҳи мардуми мусулмону намозгузор аз ҷумлаи ҳамин ҳаводис аст, ки ба дасти ДИИШ анҷом шуд ва амрикоиҳо ошкоро баён карда буданд мо ДИИШ-ро эҷод кардем .
Ишон гирдиҳамоӣ ва иҷтимоъоти солона дар мавзӯи ваҳдатро кофӣ надонистанд ва афзуданд : Дар ин замина бояд баҳс, табйин, ташвиқ, барномарезӣ ва тақсими кори доимӣ анҷом шавад ва ба унвони намӯна дар ҳамин қазияи Афғонистон яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳаводис ҳузури масъӯлони муҳтарами кунунии ин кишвар дар марокизу масоҷид ва ё ташвиқи бародарони аҳли суннат ба ҳузур дар иҷтимоъоти муштарак аст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп